Warning: Cannot modify header information - headers already sent by (output started at /var/data/foodexpo/public_html/statya_view.php:2) in /var/data/foodexpo/public_html/functions.php on line 4
Пайдоиши навъи зардолу. - Статьи - МАПЭСТ

Международная Ассоциация Производителей

и Экспортеров Сельхозпродукции Таджикистана

Агротехнология

Пайдоиши навъи зардолу.



            Мардуми Тоҷикистони шимолӣ аз замонҳои қадим бо зардолупарварӣ машғуланд. Зардолу ҳанӯз дар замони бохтариҳо, ки ин сарзамин ба ҳайати он дохил мешуд, маъмулу машҳур буд. Дертар дар замони Суғдиҳо парвариши зардолу боз ҳам вусъат ёфт ва дар байни қабилахои қадими тоҷикону бодиянишинон воситаи мубодилот ба шумор мерафт.

                Истеҳсоли зардолу дар истеҳсолот хеле ҳам аз қадим маълум аст. Дар расонаҳои Хитоӣ маълум карда истодааст, ки 4000 сол пеш аз эраи мо истеҳсол мешудааст ва даъво доранд, ки ватани асосӣ ва пайдоиши онро ба Хитой мансуб медоранд. Ҳол он ки натиҷаи кори археологҳо дар водии Фаргона донаки зардолуро ёфтаанд,ки ба солҳои 5-6 ҳазор солаи пеш аз мелод рост меомадааст. Аҳолии осиёи миёна дар ними 5-умин солаи эраи мо дарахти зардолуро парвариш мекардаанду, меваи онро ба дигар давлатҳо мебурдаанд. Пайдоиши дарахти зардолу дар дигар давлатҳои дунё аввал ба Эрону Кавказ аз Кавказ ба давлатҳои Аврупо аз Аврупо ба қитъаи Амрикову Австралия паҳн шудааст.

Дар кофтукови археологии қалъаи кӯҳи Муғи райони Панчакент, ки Институти таърих ва археологияю-энтография ба номи А.Дониш Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон соли 1947 гузаронида буд, дар байни хурокиҳои боқимондаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ донакҳои зардолу ёфт шуданд. Ин ба он шаҳодат медиҳад,ки дар територияи ҳозираи Тоҷикистони шимолӣ зардолуро ҳануз дар асрҳои V-VI парвариш мекардаанд.

Аз ин хулосаҳои натиҷабардорӣ намуда мо гуфта метавонем, ки ватани аввалаи пайдоиши зардолу ин Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. Дар истеҳсоли маҳсулоти боғӣ 50% умумии истеҳсолкардаи давлати шуравиро Осиёи Миёна истеҳсол мекард.

Аз 50% маҳсулоти истеҳсолшуда 75%-ро водии Фарғона таёр менамуд. Маҳорати баланди боғдорони қадими тоҷик барои об роҳи селексияи чандинасра парвариш карда расонидани навъхои беҳтарини зардолу ёрӣ расонид, ки ҳоло онҳо дар байни зардолуҳои чаҳон беҳамто мебошад. Хусусан зардолуи Исфара дар симпозиуми умуми чаҳоние, ки дар штати Калифорнияи ИМА соли 1961-62 шуда буд соҳиби медали тилло гардида буд.

Зардолуҳои Тоҷикистон назар ба навъхои Европаи ғарбӣ дар таркиби худ ду маротиба зиёдтар қанд ва дигар моддаҳои ғизонок дорад. Баъзе навъхои зардолу хусусан зардолуи хурмои аз ҷиҳати таъму шириниаш ба хурмо монанд аст ва онро бештар дар ноҳияи Исфара парвариш мекунанд. Аҳамияти иқтисодии зардолупарварони ин маҳал нафақат дар он аст, ки ба хоҷагиҳо меорад балки вай манбаи асосии истеҳсолоти меваи хушк ҳам мебошад.

Дар замони иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистони шимолӣ манбаи дуюми истеҳсолкунандаи меваи хушк ба ҳисоб мерафт.

Зардолуқоқ ва кайсаи Тоҷикистон яке аз маҳсулотхои экспортшавандаи он ба ҳисоб меравад.