Warning: Cannot modify header information - headers already sent by (output started at /var/data/foodexpo/public_html/statya_view.php:2) in /var/data/foodexpo/public_html/functions.php on line 4
ОБЁРИИ ЗАРДОЛУ. - Статьи - МАПЭСТ

Международная Ассоциация Производителей

и Экспортеров Сельхозпродукции Таджикистана

Агротехнология

ОБЁРИИ ЗАРДОЛУ.

Яке аз омилҳои асосии парвариши зардолу ин обёрӣ ба хисоб меравад. Ҳосилнокӣ ва саломатии дарахтони зардолу ба системаи обёрии он вобастаги дорад. Баъзе расонаҳоро мутоила намоем навишта шудааст, ки обёрии зиёд ба дарахтони зардолу манфиат намеорад гуфта маслиҳатҳои нодуруст медиҳанд.

Ҳар як дарахт ё зироат ба худ хусусиятҳо ва талаби худро дорад. Ин хусусиятҳо  ва мӯҳлатҳои обмониро дониста ба ҳамон риоя карданамон лозим аст. Ҳар як намуди зардолу ба худ хусусияти талаботи обро дорад:

-баъзе зардолуҳо обро бисёр талаб мекунанд,

-баъзеи дигарашон он қадар обро намехоҳанд.

-об бухоркунии баъзе дарахтон зиёд буда, об бухоркунии баъзеи дигараш камтар мебошад.

Масалан дарахтхои зардолуҳо и калонҳаҷм ба монанди: мирсанҷали, хурмои, субҳонӣ, рухи ҷавонон, исфарак, каду-хурмои, ахмадӣ, дергулкунак, ҳаҷмашон калон, баргҳояш васею калон буда талаботи онҳо барои об зиёдтар буда обро бисёр талабгор мешаванд. Дигар намуди зардолуҳо  ба монанди: кӯтибурма, хасак, бобоӣ, тоҷибоӣ ва кандак нисбат дар боло нишон дода шудаи намуди зардолуҳо  нисбатан камтар ба об талабгор мешаванд. Инро бояд ҳар як деҳқон ва фермеру сардори хоҷагӣ донад, ки бо як системаи обёрӣ об додан хато буда ба даратони серталаб зиёдтару ба дарахтони камталаб бо соати кам об дода шавад.

Бояд ҳар яки мо вақтҳои обёрии дарахтонро донем.

Ғайр аз ин намуди зардолуҳое ҳастанд, ки дар вақти ғунучини зардолу умуман обро намехоханд, агар ба ин намуди зардолуҳо  дар вакти пухта расидани онхо об дода шавад, пӯсиш сиёх ва обшавии дохили маҳсулотро дида метавонем, ки сифати маҳсулот вайрон мешавад. Дигар намуди зардолуҳое ҳаст, ки дар вақти пухтарасии меваҳо обёрӣ карда шавад ба калоншавии маҳсулот мусоидат менамояд. Мегуянд, ки зардолу дарахти хушкидуст ба ин қадар оби зиёд талаб надорад. Мо бо ин гуфтаҳо хато мекунем.

Савол меояд, ки барои чӣ дарахтони мо як сол ҳосил дилхоҳ диҳанд, 2 ё 3 соли дигар ҳосили дуруст намедиҳанд. Барои ҳосил надодани зардолу мо худамон шароит мухайё менамоем, ки зардолу хосили дилхох надихаду зинда боқӣ монад. Барои ҳамин дарахтони зардолуҳои ҳосилдиҳандаро аз давраи пухта расидани зардолу дар моҳҳои июн, август ва сентябр барои ҳосили оянда замина тайёр менамоем. Камтар пеш охирҳои моҳи май ва июн ба 1Га замин бо микдори физики то 150-200 кг семитраи аммиак ё ин ки карбамид камтар нисбат ба селитра дохил карданамон шарт ва зарур мебошад. Чунки муғчахои хосилдихандаи соли ояндаро дарахтон дар хамин вакт тайёр мекунанд.

Дар ҳамин вактҳо тайёр намуда то давраи гулкунӣ нигоҳ медоранд. Агар дарахтон беқувват бошанд, ғизо нагирифта бошад дар давраи гулкунӣ мушоҳида намоед гули бисёри зардолу мерезаду як қисми зинда мондаи вай бодрезак мешавад. Дар ҳамин давраҳо ғизо диҳему обёри накунем ғизои дода ҳал намешаваду решаҳои ғизогирандаи дарахтон он микроэлементхои лозимаро гирифта наметавонанд, ки дар натиҷа мо ҳосили дилхох гирифта наметавонем. Як хусусияти дарахтони зардолу дар он аст, ки мо бояд дар моххои сентябр, октябр об дода истоданамон лозим, ки баргхои дарахтон пухта расид, барои чи пухта расиданашон лозим, бо он сабаб, ки бо пухта расидани баргхо муғчахои хосилдиханда (плодовый почка) низ пухта мепазанд. Агар об надихему баргаш барвакт резад муғчахои ҳосилдиҳанда хом монда дар вакти гул кардан ҳамааш рехта мераванд.

Дар холати бо об таъмин будан моххои декабр ва январ обхои яхоби бо муддати зиёд монда шавад хеле ҳам ба максад мувофиқ ба он сабаб, ки ба талабот ҳеч чиз гуфта намешавад, агар авалхои бахор камобӣ шуда монад яхоби мондаи шумо ёрдами калон мерасонад.

Хар як шахс, деҳқон, фермеру соҳибкор бояд меъёри қабулкунии об, миқдори оби мегирифтаи дарахтонро нисбат ба солашон донистан шарт ва зарур мебошад. Одамҳои куҳна мегуянд, ки хама чиз бо меъёрашу ба муҳлаташ шаваду иҷро карда шавад. Хар як деҳкон бояд донад, ки намнокии заминхои дарахтони хосилдиханда аз 12% кам нашавад, хусусан пеш аз сар кардани чунин зардолу.

            Талабот ба об ба синну соли дарахтон вобастагии калон дорад, инчунин дарахтони хосилдеҳ серталаб мешавад. Гайр аз ин агар хосили зардолу бенихоят зиёд шавад, обро бе ниҳоят зиёд талаб мекунад. Об ин хуни дарахт буда  агар бо об талаботи онро конеъ накунед хосил надода ба нобудшавӣ оварда мерасонад. Хун камӣ кунад ба одамон хун медиханд, зардолу хам организми зинда буда факат забон надорад.

Барои обёрии замини худ хар як соҳибкор намуди хок ва мавқеи чойгирии майдони худро дониста  баъд обёрӣ кунад. Ҳоло ҳозир майдонхои зардолузори моён дар заминҳои куҳнаи обёришаванда ва пастхамихо куҳҳо шинонида шудаанд, бо хамин сабаб талаботи оби заминҳои куҳна дигару пастиву баландӣ ва даштруяҳо дигар асту талаби оби хархела доранд.

Чи хеле дар боло гуфтем микдори обмонии кории дарахтон ба синну соли он вобастагӣ дорад.

Натиҷаи хулосаи олимҳои давраи шуравиро пешниход мекунам:.

Обёрии боғҳои ҷавони то 5 сола дар як мавсим бояд,ки то 2000 м3 ва дарахтони то 10 сола аз 4000-5500 м3 ва дарахтони аз 10  боло аз 10000 м3 то 12000 м3 оби полези гирифтанашон аст. Ин обҳоро якбора нею дар муҳлатҳои муайян ва бо муддатҳои муаян монда шавад. Ҳоло ҳозир, ки солҳои охири давлати шуравӣ шинонида шудагиву ҳоло хозир шинонида истодаанд дар пастхамиву доманкуҳҳо дарахт бунёд карда истодаанд заминҳояшон шағоливу сангдор буда часпиши хок мушоҳида намешавад бояд ки микдор ва соати обхурӣ зиёд карда шавад.

            Дар ҳолати обмонии дарахтони то 5 сола хаминро ба ҳисоб гирифта шавад, ки намнокии хок то чукурии 1 метр бошад. Дарахтони аз 10 сола боло бо ҳамин тарз об дода шавад, ки намноки то чуқурии 1,5-2 метр расида бошад. Дар ана хамин хел обёрӣ карда шавад тараққиёт ва сабзиш дигар мешаваду ҳосили дилхоҳ руёнида метавонед. Ба ҳамин гуфтахои боло камтар дигар чизро ҳамроҳ мекунем, дарозии хати обхурӣ аз 100 метр зиёд набошаду баъди дар вакти бахор 4-5 маротиба об хӯрдан чуқуриҳои обхурро аз нав аз алафхои бегонаву қуму гил тоза карда шавад намнокии замин ба атрофи ҷӯякҳою чуқурии замин зиёд мешавад.

Ҳозира аксар обмоние, ки мо ба заминҳои худ об монда истодаем тамоман бар хилофи агротехникаи боғ мебошад. Ман аз таҷрибаи худам мегуям миробхо мегуянд, ки шумоба 2 соат вакт обро монда гиред. Ман баъди об мондан баъди як рӯз ҷои об мондагии сари замин ва поени заминро кофта дидам то чуқурии 40-45 см сари замин поени замин 25-30 см-ро ташкил дод агар дар саратон хаво 30-35 градус шавад 4-5 руз боз обталаб мешавад, мо ба ин системаи талаботи дарахтҳои зардолуро каноат кунонида наметавонем дар натиҷа мушоҳида мешавад, ки навдаҳои яксола бо об таъмин нашуда хушк мешаванду ҳосил намешавад ба буҷаи  оила зарари калон мешавад. Вақтҳои охир аз камчинии об, озуқа, агротехникаи суст каросоншавӣ, хушкшавии шохҳо ва пайдо шудани кирмхои реша ва танахур зиёд шуда боғоти номдори пешинаро ба нестшавӣ расонида истодааст.

Як маслиҳати муфид медиҳем аз таҷрибаи худам якчанд сол дар як майдон 2 қатор зардолузорро барои таҷрибаи соати обмонии хамон қаторро дар вакти саратон зиёд карда меомадаем ҳар сол ҳосил медоданду одамҳо мегуфтанд, ки замини раис ҳосил мекунаду аз мо не бинобар ҳамин ман таклиф намуда будем, ки миқдори обмониро кам намуда соати обмониро зиёд намоем ҳосили дилхоҳ гирифта мешавад, лекин дастгирӣ наёфт.