Warning: Cannot modify header information - headers already sent by (output started at /var/data/foodexpo/public_html/statya_view.php:2) in /var/data/foodexpo/public_html/functions.php on line 4
Мубориза бар зидди касалиҳо ва зараррасонҳои боғи зардолу. - Статьи - МАПЭСТ

Международная Ассоциация Производителей

и Экспортеров Сельхозпродукции Таджикистана

Агротехнология

Мубориза бар зидди касалиҳо ва зараррасонҳои боғи зардолу.


Ба дарахтони зардолу якчанд касалиҳо  ва ҳашаротҳо  зарар мерасонад:

- доғ пайдо кардани зардолу ва пӯсиши мева аз ҷумла касалиҳои занбурӯғӣ буда, шакарак шишовка, пармачӣ, гамбусаки зараррасон, кирми танахур ва пилатанаки ток (шолкопряд) ва ғайраҳо.

Хол пайдо кардани меваҳои донакдор яке аз касалиҳои паҳнгардидаи замбурӯғии зардолу мебошад, ки он ба тамоми қисми болоии дарахт: барг, навда, муғча, гул ва меваҳо зарар мерасонад. Навдаю муғчаҳои ба ин касалӣ гирифтор шудагӣ нобуд мешавад. Аз ин касали дар баргҳо хол пайдо шуда сӯрох мешаванд, дар натиҷа   нафаскашии дарахтон вайрон шуда системаи фотосинтез гум мешавад. Фотосинтез кор накунад баргҳо мерезанд, баргҳо резанд хосили нопухта низ мерезад. Меваи ба ин касалӣ гирифторшуда аввал холҳои алоҳида пайдо мекунад, сони онҳо рӯи меваро бо як қабати ғафс мепушонад, ки дар натиҷа  мева ба хурдан тамоман нобоб мешавад. Ин касалӣ касалии хеле кам хатарнок буда то дарахтонро ба хушкшавӣ оварда мерасонад. Тамоми расонаҳо пешниҳод менамоянд, ки ин касалиро бо роҳи пошидани маҳлули «бордоси» ё бо роҳи буриши шохҳои зарардида бартараф кардан мумкин. Маҳлули «бордоси-ро» барои истифода бурдан тавсия дода истодаанд каме таъсири худро мерасонад лекин бо рохи таҷриба ва таҳлил он қадар саҳеҳ намебошад, тавсияи дигар оиди  буруши шоххои зарардида: ин кор хеле ҳам меҳнати пурмашаққете мебошад, ки онро ҳар як шахс худаш карда бинад баъд медонад. Ман, ки дар институти боғдорӣ фаъолият мебурдам супориш шуд, ки дар назди идора будаги дарахтони зарардидаро аз шохҳои хушку зарардида тоза намоем, 3 нафар коргар бо қайчиву арра ба як дарахт баромада аз саҳар то бегоҳ тоза карда натавонистанд бинобар ҳамин ин корро ба иҷро расонидан ғайри имкон мебошад.

Чунин касалӣ дар шимоли Тоҷикистон аз он ҷумла дар Исфара низ паҳн шуда будааст. Тамоми расонаҳое пешниҳод карда тавсия додаанд, ки бо роҳи дар вақти сукути (бебаргии) дарахтон бо маҳлулхои ИСО ё маҳлули Бордоси шуста шавад. Дар асоси тавсияҳои дода шуда як чанд сол коркарди боғро ба иҷро расонидаанд, локин он қадар натиҷаи дуруст надода будааст. Ин амалҳо солҳои 1935-36, 37 ва 38 истифода бурдаанд. Аз ин хулосаҳо хулоса бароварда супориш медихад, ки дар муддати се сол олимҳо санҷида оиди мубориза оиди бартарафкунии касали ва зарари он маҳлули таъсирнокро ихтироъ карда ба институти илми истеҳсоли (ИИИ) хулосаҳои худро пешниҳод намоянд. Дар ҳамон давраҳо худатон медонедми.

Супоришро иҷро накунед чӣ мегуфтанд: пул ва маблағи давлатро сарф карда супоришро иҷро карда натавонистӣ гуфта чӣ чора медиҳанд. Олимҳо аз тарси ҷон меҳнати ҳалол мекарданд. Кори онҳо дар ҳамон давра натиҷаи хуб дода будааст, ки он корҳои илмии худро ҷамъ намуда соли 1940 ба матбаа месупоранд ва бо миқдори 3000 дона аз чоп мебарояд. Акнун худатон хулоса бароред ин 3000 дона китобча ба як давлати бузурги ИҶШС (СССР) чӣ мешавад.

Соли 1941 ҶБВ сар мешаваду ин таҷрибахо дар як су монда ҳамма ба фронт сафарбар шуда ин кори олимон бе амал мемонад. Яке аз ҳамин китобчаро ман ёфта ба собиҷ корманди шоистаи соҳаи зироаткорӣ ва боғдори Академик-професор Х.Джуманкулов нишон додам он шахс ба ман тавсия доданд,ки аз руи ҳамин амал кун.

Камтар бошад ҳам оиди таҷрибаи он олимон, ки ба иҷро расонидаанд ба шумоен пешкаш мекунам оиди мубориза ба касалии хафноктарин.

Тамоми китобҳои агрономӣ, мақолаю маҷалахо баён кардаанд ва кардаистодаанд, ки касалие, ки дар боғҳои Исфараю дигар ҷойҳо будагиро касалии замбуруғӣ мегуянду фаҷат бар зидди замбуруғ муборизаро пешниҳод менамоянд.

Савол ба миён меояд: барои чунин касалӣ бисёртар бар зардолуҳои Мирсанҷалӣ, Хурмоӣ, бобоӣ, қандак, Точҷбои, Субҳони, Рухи ҷавонон дучор мешаванду дар зардолуҳои пешпазаки майский, таппак ва дигарҳо кам ё во намехуранд. Ин мушоҳидаҳои зардолуи ширин бисёру зардолуҳое, ки канднокиаш кам ба касалӣ камтар дучор мешаванд. Ин мушоҳидаҳо олимонро ба ташвиш андохта ба хулоса омадаанд, ки касалии шуда истода занбуруғӣ набуда дигар организми зинда вучуд дорад, ки бо сабаби намнокӣ баланд шудан касалӣ авҷ мегираду хушксолӣ шавад хурӯҷ намекунад.

Барои тадқиқот ба як қуттӣ донаки зардолуҳои дар боло номбаршударо монда каламушҳо ғайри донаки таппак ва майский дигар боқимонда донакхоро хурдааст. Аз ин таҷриба хулоса бароварда гуфтанд, ки дар ин ягон организми зиндае ҳаст бо сабаби боришот вай зинда мешудааст. Дар натиҷа  навдахои муғчадори зардолуҳои номбаршударо гирифта ба дохили шиша монда якеашро бо марли тар ва дигарашро тар накарда мушоҳида намоянд дар натиҷа  бо марлиҳо тар накардагӣ касал нашудааст ва хулосаи худро баровардаанд, ки намигарии зиёд барангезандаи касалӣ ба ҳисоб меравад.

Баъди чунун таҷрибаҳо навдаҳои касалишударо дар зери микроскоп бинанд бактерияхои зиёде вуҷуд доштааст бо зиёдшавии намнокӣ зинда шуда дарахтонро гулҳо, меваҳо, навдахо ва барги дарахтон зарар меовардаанд. Акнун дар назди олимон масалаи бар зидди организми зинда мубориза пайдо шуд.

Олимҳо дар натиҷаи тадкикотхои якчандсолаи худ ба хулосае омада тавсия додаанд, ки бар зидди касалиҳои  мавҷуд буда фунгутсидхои ССИ ва БЖ-ро истифода баранд фоидаи дуруст медихад.

Олимон ва селексионерон оиди натиҷаҳои худ пеш аз пухтани зардолу ва дар давраи чиниши он аз дарахтхои коркардаи худ ҳосил, навдахо ва баргҳо онро гирифта анализ карда бо таблитсаҳо нишон додаанд. Дар як майдон як навъ зардолуро бо доруҳои ҳархела коркардаи худро бо намуди доруҳо ҷудо карда хулосаи худро дар таблитса пешниҳод кардаанд.