Warning: Cannot modify header information - headers already sent by (output started at /var/data/foodexpo/public_html/statya_view.php:2) in /var/data/foodexpo/public_html/functions.php on line 4
Озуқадиҳӣ ба зардолузор - Статьи - МАПЭСТ

Международная Ассоциация Производителей

и Экспортеров Сельхозпродукции Таджикистана

Агротехнология

Озуқадиҳӣ ба зардолузор

Озуқадихӣ ба Зардолузор

Озуқаи дарахтони зардолу ба худ хосият ва вақтхои худро дорад. Озуқаро дар кадом вақту мӯҳлаташ доданро донистанамон шарт ва зарур мебошад, ҳар як боғбон ва муттахассис донистанаш лозим, кадом озуқахоро бидиҳад. Ба дарахтони зардолу барои нағз нашъунамо карданашон, моддахои азотӣ, фосфори, калигӣ ва органикӣ ба заминҳое, ки ин дарахтон парвариш меёбанд дохил карданамон лозим.

Моддахои Азотӣ барои ривоҷу равнақ ёфтани тана ва навдаю шохаронии онҳо ёрдами беандоза мерасонад.

Нуриҳои фосфори барои ривоҷ рафтани решаҳои дарахт манфиати калон дорад. Нуриҳои фосфори заминро мулоим мекунад, ки дар натиҷа решаронии дарахт зиёд мешавад ,боиси зиёдшавии реша шохронии дарахтон зиёд мешавад. Дар асл шохарони зиёд шавад ҳосили дарахтон зиёду босифат мешаванд.

Нуриҳои каллиги имунитети дарахтонро зиёд намуда бо сабаби тунди доштани ин модда касаливу зараркунандаҳо он кадар таъсир расонида наметавонанд. Ғайр аз ин ба кам шудани сурохшавии баргҳо ёрдам мерасонад.

Нуриҳои органикӣ барои он лозим аст, ки вай структураи хокро дигар карда ба хок мубаддалшавии заминҳои санглох мусоидат менамояд ва дар қатори он он микроэлементҳое, ки ба монанди оҳан, марганец, цинк ва дигар элементҳои лозимиро дар он аст, ки он намии хокро нигоҳ дошта ба як замин нормаи онро дохил кунед баъди 4-5 сол баъд боз аз ин хел нуриҳоро медароред.

        Ҳар як боғбон бояд муҳлатҳо ва нормаи дохил кардани хар намуди нуриро донад. Надониста дохил кунед манфиати дуруст намедиҳад.

Нуриҳои Азотӣ:

А) Пеш аз гулкунӣ бо нормаи 150-200 кг моддаи физикӣ дохил карда шавад: ин ба пурқувватшавии муғчаҳои ҳосилдиҳанда мусоидат мекунад.

Б) Дар болоҳо гуфта будем,ки дарахтони зардолу дар давраи нашъунамои худ 2-3 маротиба шох меронад. Бо ҳамин сабаб доруи додашудаи мо барои навдаҳои моҳи май хеле кам мувофиқ мешавад.

В) Ин поруи додаи мо ба ҳаҷм ва сифати маҳсулот хеле кам манфиатнок мебошад.

Г) Дохил кардани поруҳои Азотӣ охирхои июл ва  моҳи август барои навдаҳои нав моҳи сентябр хеле кам зарур мешавад бо миқдори 150-200 кг ба як гектар.

Нуриҳои Фосфорӣ:

Нуриҳои фосфориро асосан дар тирамоҳ бо миқдори 250-300кг ба 1 гектар дохил кардан лозим. Дар вақти дохилкунии нуриҳои фосфори шурнокии заминро ба ҳисоб гиред нағз мешуд, ки картаи хок бошад аз ҳамон истифода баред. Нуриҳои 2-3 сол як маротиба дохил карда шавад.

Намаки калигӣ:

Ин минерал намак мебошад дар ҳолати зиёд ба замин даровардан хоки заминро вайрон карда ба сабзидани дарахтон монеъгӣ мерасонад. Ба 1 га замин аз 50 то 100 кг тавсия медиҳанд. Лекин ҳаминро гуфтани ҳастам, ки нағз мешуд аз руи картограммаи картаи хок истифода баред.

Нуриҳои органикӣ: Нуриҳои органикии компост карда шуда ба замин зарар намерасонад. Дар як дохилкуни бо миқдори 20-25 тонна ба як гектар ташкил дихад шумо метавонед баъди 4-5 сол боз аз нав дохил намоед.

Нағз мешуд дохилкунии нуриҳои фосфорӣ ва калигӣ ҳамроҳи поруи органикӣ ба замин дохил карда шавад. Албатта баъди дохилкунии ин поруҳо заминро чаппагардон кардан шарт ва зарур. Агар шудгор накунед манфиат намедиҳад.