Warning: Cannot modify header information - headers already sent by (output started at /var/data/foodexpo/public_html/statya_view.php:2) in /var/data/foodexpo/public_html/functions.php on line 4
БИОЛОГИЯ ЗАРДОЛУ - Статьи - МАПЭСТ

Международная Ассоциация Производителей

и Экспортеров Сельхозпродукции Таджикистана

Агротехнология

БИОЛОГИЯ ЗАРДОЛУ

БИОЛОГИЯ ЗАРДОЛУ

Дарахтони зардолу зуд ба воя мерасад ва умри дароз мебинад. Вай дар шароити Тоҷикистони шимолӣ аз 4-5 солаги сар карда то 60-70 солагӣ ва дар шароити хеле мусоид то 100-150 солагиаш мева медиҳад. Дар Исфара заролуҳое ҳастанд, ки аз 100 сола ҳам зиёд буда хосли фаровон медиҳад. Зиёдумрии онҳо аз он хусус мебошад, ки донаки зардолу шинонида дар ҷояш пайванд карда шудаасту вайро аз як ҷо ба ҷойи дигар накучонидаанд. Баландии дарахтон ба 18-20 метр расида танаш то 3,8 метр меравад.

Дарахтони зардолуи навъи ҷойдорӣ қобилияти зуд инкишофёбии худро аз 40 сол кам зиёд нигоҳ медорад, ҳол он ки  дарахтони навъи Аврупои аз 40 сол зиёд шавад аз инкишофёбӣ мемонад ва хушк шудан мегирад.

Барвақт ба воя расида ҳосил додану нисбатан дарозумр будани дарахтони зардолу хусусияти хоси онҳо мебошад, ки ин ҳол дар дигар дарахтони мевадиҳанда кам дида мешавад.

Дарахтони зардолу кобилияти тез инкишофёбӣ ва шоху панҷадавонӣ дошта бошад хам вале ба он тағироти обу ҳаво ва муҳит зуд таъсир мекунад. Агар шароити обу ҳаво ғизонокии хок муътадилу мувофиқ бошад оби полези таъмин бошад, вай дар як давраи нашъунамо яъне дар як сол 2-3 маротиба шоху панҷа меронад.

Дарахтони зардолу хусусияти ачибе дорад,ки дар баъзе дарахтони мевадиҳанда дида намешавад. Дарахти зардолу дар давоми нашъунамо ва дар як давраи нашъунамо (дар як сол) 2-3 маротиба навда меронад, ки дар ҳамин давраҳо муғчаҳои ҳосилдиҳандаро (плодовый почка)-ро тайёр мекунад. Бештари муғчаҳои ҳосилдиҳандаро дар давраи навдаронӣ тайёр мекунад. Дар ҳолати даври навдаронӣ нигоҳубини дарахтон дурусту беҳтар ба озуқаю додани оби полезӣ таъмин бошад навдаронӣ бо дараҷаи баланд шуда муғчаҳои ҳосилдиҳанда пурқувват муғча баста соли оянда ҳосили хеле нағз медиҳад. Агар муғчаҳо пуркувват нашавад соли оянда гул мекунаду локин рехта мераванд. Чи хеле, ки дар боло гуфта шуд дарахтони зардолу 2-3 маротиба навда меронад дар давраи 2-уми навдаронӣ, ки моххои Август ва Сентябр рост меояд низ муғчаҳои ҳосилдиҳанда тайёр мекунад, ки онро баъзе одамону олимон онро муғчаҳои эхтиётӣ ё дергулкун мегуянд. Ин муғчаҳо баъди 4-5-6-7 рӯзи муғчаҳои навдаҳои якум гул мекунанду нисбати ин муғчаҳо камкуввати бештар мебошанд. Ин муғчаҳои дерина сабаби эхтиёткории дарахти заролуро нишон медиҳад, чунки дар ҳолати таъгирёбии обу ҳаво гулҳои гуруҳи якумро хунукӣ нобуд кунад гулҳои гуруҳи 2 ва 3-ум ҳосил медиҳад, ки баъди гузашти 7-8 рузи гули якум гул мекунад. Мушоҳидаҳо нишон додааст, ки дарахтоне, ки меваи дуруст медиҳанд сиҳату саломату дарахтоне, ки ҳосили дуруст ва намедиҳанд ба касалиҳо дучор шуда баданашонро шилмҳо зер мекунаду оҳиста-оҳиста хушк шуда мемонад. Агар шароити обу ҳаво мусоид ва хок серғизо бошад дарахтони зардолу, хусусан навъхои чойдорӣ хеле серҳосил мешавад. Хусусияти биологии зардолу имконият дорад, ки хар сол ҳосили дилхох дихад.

Барои ҳосилдиҳии ҳарсолаи дарахти зардолу кадом омилҳоро ба ҳисоб гирем:

Таъсири гармӣ ва хунукӣ ба зардолу.

Дарахтони зардолу гармиро хеле дуст медорад. Вай дар давраи нашъунамо дар маҳалҳое, ки гармӣ кам аст бад месабзад. Зардолу чун растании гармидуст дар маҳалҳои гарму хушк хеле нағз инкишоф меёбад. Давраи карахтии дарахти зардолу нихоят кутоҳ буда, бо баробари андаке гарм шудани ҳарорати ҳаво амал мекунад, яъне об медавонад. Дар он ҷойҳое, ки баҳорон ҳаво хунук аст дарахтхои зардолу кам ҳосил медиҳад. Барои ба натиҷахои хеле баланд нағз тараққӣ ва инкишоф ёбад то 25 градус/с гармӣ лозим аст. Дарахти зардолу дар давраи карахтиаш ба хунукӣ хеле тобовар буда танаю шохахои он ба 28-30 градус хунукӣ тоқат мекунад. Агар чунин хунукиҳо   4-6 соат давом кунад тоқат мекунад, агар 2-3 шабонаруз шавад муғчаҳои ҳосилдиҳанда ҳам нобуд мешавад. Агар дарахти зардолу аз хоб бедор шуда бошад моҳҳои феврал хунукиҳои 18-20% муғчаҳои ҳосилдиҳандаро нобуд мекунанд, чунин ҳолат дар моҳи март бошад ҳавои 8-10градус С сармо низ муғчаҳои ҳосилдиҳандаро нобуд мекунад. Инчунин гулҳои шукуфтаро темпаратураи     2-2,5 градус хунукӣ нобуд мекунад. Дар ҳолати аз гул фаромада ғурачахо пайдо шудан хунукии аз 0,8 то 1,3 градус ғурачахоро пурра нобуд мекунад. Мушоҳидахое, ки дар давоми 23 соли кори дар И.И.И.Б кор кардаам нишон дод, ки давраи гулкунии дарахти зардолу ба рузҳое, ки ба навшавии мохи оянда рост омада табиатро бинед, ки дар ҳамон шабу рузхо албатта боронгарӣ мешаваду баъди 4-5 руз гармшавии ҳаво ба амал меояд. Баъди 6-7 руз мушоҳида намоед оҳиста оҳиста пажмурдашавии баргҳо ва зардшавии косабарги гулҳо маълум мешавад. Агар борон бисёртар борида бошад дар зардолузор буи ғализи монанди тухми палагда шударо медиҳад. Акнун вазифа меистад, ки чи кор кунем, ки як миқдор бошад хам гули зардолуро аз хунукӣ ва касалӣ нигоҳ дорем. Дар расонаҳои пеши аз соли 60 баромадаро мутоила кунем камтар дар бораи яхоб ва бо сафедкунии тамоми дарахтонро бо оҳаки сафед пешниход карда будаанд. Агар камтар ҳаминро истифода барем вақти гулкуниро то як хафта дер мекунонад ва ҳодисаҳои дар боло гуфтаро камтар паси сар мекунаду як миқдор ҳосилро нигоҳ медорем.

Дигар роҳҳое ҳастанд, ки мо гармшавии дарахтони зардолуро камтар бо рохи сафедкунии пурраи дарахтон бо оби оҳак ва бо пошидани маҳлули 0,002% намаки калиги ва алфанафтили уксуси бо роҳи пошидан 5-8 руз дер гул кардан мусоидат менамояд.

Таъсири равшани ба зардолу.

Дарахти зардолу растании континенталӣ буда, равшаниро бисёр талаб мекунад ва дар ҷойҳои серсоя нағз намеруяд ва дар боло гуфта будем барои нашъунамои зардолу дар як нашъунамо чи қадар гармӣ лозим будааст. Зардолуҳое, ки зич шинонида шудааст ҳосили дилхоҳ намедиҳад. Дар натиҷаи камрасии рушноӣ ба боло ҳаракат карда рушноиро мекобанд, дар натиҷа қадашон баланд шудан мегираду ҳосилро факат нугхои баланди ба рушнои таъмину шамолвар медиҳанду халос. Дарахтоне, ки дар ҷойҳои васею шамолдор саломатиаш нағз васею паҳн буда, дарахтоне дар зичи нашъунамо мекунанд шохҳои склети зиёду ҳосил факат дар нуги зардолу мушоҳида карда мешавад. Гуфтаҳои дар боло гуфташударо омӯхта ба хулосае омада тарзи шинонидан ва зичии дарахтони зардолуро дар вақти бунёди боғи нав ба ҳисоб гирем. Пеш аз он ки мо дарахтро шинонем мо донистанамон лозим, ки ба куҷои маҳал боғ бунёд мекунем. Ҷои маҳалро интихоб кардем, кадом навъи дарахти зардолуро мешинонем. Навъи интихоб кардаи худро бидонем, ки бо кадом схема шинонем, ки бо рушнои таъмин бошад.

А) барои он ки маҳали бунёдкардаи худро омухта баъд ниҳол шинонида шавад. Дар табиат маҳалае вучуд дорад, ки дар он ҷойҳо хунукӣ чамъ мешавад. Ҷои хунукӣ чамъ мешудагиро чи тавр муайян менамоем.

Наздикии шом ё дар вақти шом фасли зимистон ба баландие баромада мушоҳида намоед, дар он ҷое, ки хунукӣ ҷамъ мешавад дуди аз қишлоқҷойҳо ва абрхои туман монанд дар хамон ҷойҳо чамъ мешавад. Ба ҳамин ҷойҳо шинонидани боғи зардолу ин қадар натиҷаи дуруст намедиҳад. Дар аввали бахор аз ҳамма пеш гули зардолуи ҳамин ҷойҳоро хунук мезанад, дар натиҷа мебинед, ки ҷойҳои шамолраву дар баландиҳо будаги дарахтон ҳосил дораду дар чойи шумо ҳосил кам ё нест.

Як мисол меорам аз Исфара:

Пойгоҳи дар Исфара будаи Филиали ИИБ Тоҷикистон дар масофаи 1,2 км дуртар аз Аэропорти Исфара бунёд карда шудааст. Зардолуҳои назди Аэропорт нисбат ба пойгоҳ 7-8 рузи зардолуҳои Аэропорт гул мекунад. Маҳалли ҷойгиршавии пойгоҳи Исфара нисбат ба заминҳои гирду атроф дар чуқурӣ чойгир шудааст. Дар давраи гулкунии дарахтони атроф дар ҳолати хунук шудан кам зарар зардолуҳои пойгоҳ бисёртар зарар мебинад. Лекин дарахтони пойгоҳ нисбат ба дарахтони ҷавонтар мебошанд. Гирду нисбаш ба пойгоҳ баландтар ҷойгир ҳастанд. Солҳои пеш роҳбарону мутахассисони ҳамондавра чи бошад, ки ба пастиҳо ниҳол нашинонида ба баландихо шинонида будаанд, мана ҳоло маълум шуда истодааст.

Дар истеҳсолоти сохаи зардолупарвари навъҳои зиёди зардолуҳо парвариш ёфта истодааст. Ҳар як навъи зардолу ба худ хосияти хосе дорад. Навъхои зардолуҳое ҳастанд ,ки сабзишашон тез-тез калон шуда шохаҳои баланду ба атроф хам мебошанд, ҷойҳои васею калонро паҳн карда гирифта дигар дарахтонро зери худ карда мегиранд.

Навъхои дигаре ҳастанд, ки навдаронии онҳо худи монанди мачнунбед ба поён хам шуда меистанд. Навъхои дигари зардолуҳое ҳастанд, ки рост ба боло харакат мекунанд. Зардолуҳое ҳастанд, ки хушк карда мешаваду дигараш не. Зардолуҳое ҳастанд, ки дар вақти пухта расидан обро мехоҳанд, лекин зардолуҳое ҳастанд, ки обро намехоҳанд.

Ҳамаи ин омилҳоро дониста баъд навъи ниҳолро интихоб карданамон лозим. Бояд, ки пеш аз шинонидани ниҳоли зардолу схемаи шинонидани хар як навъи ниҳолро омухтанамон лозим. Инчунин майдони ғизоноки ва лозими рушноиро донистанамон шарт ва зарур мебошад.( дар расонаҳо плошад питания мегуянд)

Дар заминҳои хокие, ки оби полези таъмин мебошад, дарахтони калонҳаҷмро бо схемаи 10х10 шинонидан  беҳтар буда майдони гизонокии он 100 м мураббаъро ташкил дихад. Инчунин дарахтони калонҳаҷмро бо дигар навъхои омехта карда шинонида шавад манфиати дуруст намедиҳад. Дарахтони калонҳаҷм гизо ва обро бисёр талаб намуда тез сабзида нашъунамояш тез аст бо сабаби тез баландшави дарахтони суст сабзро зери худ гирифта ба инкишофи он халал мерасонад.

Навъхои дарахтони зардолуҳое ҳастанд, ки бо схемаи 10х8, 8х8 шинонида шавад натиҷаи дуруст медиҳад. Хар як шахси боғпарвар боришоте, ки дар давраи нашъунамои дарахт миқдори онро дониста баъд ниҳол шинонад. Агар боришот 250-300 мм ё 400-500мм ташкил дихад мутаносибан схемаи шинонидани дарахтонро васеъ намояд.

Хусусияти дигари биология зардолу ин аст, ки дар давраи ғунучини ҳосили зардолу як чизи муҳиме ҳаст, ки мо эътибор намедихем.

Ҳоло дар давраи ҳозира дарахтони мо як сол ҳосил медиҳанду соли оянда камтар ҳосил медиҳанд, бо кадом сабаб? Сабаб дар он аст, ки вақте, ки зардолуҳо пухта мерасанд харакат мекунем, ки бехро дар як бор пурра аз ҳосил халос намоем, ин кори хато аст. Барои чи? Барои он ки вақте, ки мо дарахтро пурра аз ҳосил халос мекунем дарахт харакат мекунад, ки барои соли оянда муғчаҳои ҳосилдиҳандаро тайёр намояд, лекин кувват, гизо ва дигар элементхоро решаи зардолу таъмин карда наметавонад. Дар амал муғчаҳо пайдо мешаванду бекувват шуда монда дар вақти гулкунӣ қисми зиёди гулҳо рехта нобуд мешаванд. Хар як боғбон бояд охиста-охиста муғчаҳои ҳосилдиҳандаро пуркувват намояд, бо кадом рох?

·         Бо рохи дохил намудани ғизои иловагӣ обдиҳиро зиёд намояд.

·         Ҳосили хар як дарахтро се маротиба афшонад.

Дар натиҷа дар ҷои холишудаи ҳосил муғчаҳои пуркувват пайдо мешавад.

Дар ҳолати дарахтони зардолуро зич шинонидан қади онро паст кардан, ҳаво гузаронии онҳо паст шуда, бухоршавии буғи замин кам шуда аксарияти майдонҳои дарахти зичдор ба касалиҳои сурохбарг ва сухтани (класитоспереоз ва монолиоз) гирифтор мешаванд, ки ин омилҳоро дар вақти ниҳолшинони ба инобат гирем.