Warning: Cannot modify header information - headers already sent by (output started at /var/data/foodexpo/public_html/news_view.php:2) in /var/data/foodexpo/public_html/functions.php on line 4
Соҳибкорони соҳаи саноати озуқаворӣ аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо таҷрибаи Латвия - Новости - МАПЭСТ

Международная Ассоциация Производителей

и Экспортеров Сельхозпродукции Таджикистана

Новости

Соҳибкорони соҳаи саноати озуқаворӣ аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо таҷрибаи Латвия

Соҳибкорони соҳаи саноати озуқаворӣ аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо таҷрибаи Латвия дар соҳаи технологияҳои озуқаворӣ, инноватсия ва рақамисозӣ шинос мешаванд

Аз 26-ум то 31-юми октябри соли 2025 намояндагони ассотсиятсия ва корхонаҳои соҳаи озуқаворӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Латвия дар доираи лоиҳаи «Тақвияти мутобиқат ва дастрасии таҳсилот ва дониш барои рушди соҳаи озуқавории Ӯзбекистон ва Тоҷикистон» ҷиҳати иштирок дар курси омӯзишӣ ташриф меоранд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Маркази таҳсилоти муттасили Донишгоҳи илмҳои ҳаётӣ ва технологияҳои Латвия (LBTU) амалӣ гардида, дар доираи барномаи грантҳои ҳамкории рушди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия маблағгузорӣ шудааст.

Дар ин сафари омӯзишӣ намояндагони ширкатҳои LLC “Agromir”, LLC “Maroqand Meva Sabzavot” ва LLC “Navigul” аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ассотсиатсияи соҳибкорони Хатлон, Ассотсиатсияи байналмилалии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, ҶСК “Shiri Dushanbe” ва LLC “Oriyon Rustam” аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Дар доираи барнома меҳмонон бо моделҳои ҳамкории илм ва соҳибкорӣ дар Латвия, технологияҳои муосири коркарди маҳсулоти озуқаворӣ ва таҷрибаи рушди инноватсия шинос мешаванд. Инчунин, тибқи барнома иштирокчиён дар Донишгоҳи илмҳои ҳаётӣ ва технологияҳои Латвия ва Маркази интиқоли технология ва дониш бо муҳаққиқон ҳамкорӣ намуда, аз Институти боғдорӣ боздид менамоянд. Дар хакатони бахшида ба ҳалли рақамисозӣ барои соҳаи озуқаворӣ, ки аз ҷониби Кластери IT Латвия ташкил мегардад, иштирок мекунанд ва аз ширкатҳои “Puratos”, “Tukuma piens”, “Jaunpils piens”, “Jelgavas gaļas kombināts”, “Felici”, кооперативи “Augļu nams” ва Маркази тадқиқотии Pure дидан менамоянд.

Таваҷҷуҳи махсус ба инноватсияҳои озуқаворӣ, бехатарии ғизо, арзёбии ҳиссӣ (сенсорӣ)-и маҳсулот, технологияҳои бастабандӣ ва истифодаи ҳалли рақамӣ дода мешавад. Дарсҳои амалӣ аз ҷониби олимон ва омӯзгорони Донишгоҳи LBTU гузаронида мешаванд.

Лозим ба қайд аст, ки дар доираи амалигардонии лоиҳа ду сафари омӯзишӣ пешбинӣ шудааст. Сафари якум, ки дар моҳи октябри соли 2025 баргузор мешавад, асосан барои роҳбарияти корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ пешбинӣ шудааст. Сафари дуюм, ки барои баҳори соли 2026 ба нақша гирифта шудааст, барои кормандони техникии корхонаҳои истеҳсолии озуқаворӣ гузаронида мешавад.

Пас аз анҷоми лоиҳа интизор меравад, ки ширкатҳои иштирокчӣ дониш ва ғояҳои нав барои таҳия ва татбиқи маҳсулот ва технологияҳои инноватсионӣ ба даст меоранд, инчунин ба бартариҳои формати таҳсилоти Донишгоҳи кушод (Open University) боварӣ пайдо мекунанд. Донишгоҳи кушод ба шахсоне, ки аллакай дар бозори меҳнат фаъоланд, имконият медиҳад, ки таҳсилоти олӣ гиранд. Дар доираи барномаи Erasmus+ бо роҳбарии Донишгоҳи LBTU, ин модели таълимӣ дар ду муассисаи таҳсилоти олии Ӯзбекистон ва се муассисаи таҳсилоти олии Тоҷикистон таҳия ва санҷида мешавад.



Маълумоти бештар: www.ofinu.eu