Warning: Cannot modify header information - headers already sent by (output started at /var/data/foodexpo/public_html/news_view.php:2) in /var/data/foodexpo/public_html/functions.php on line 4
ҲАМКОРИҲО БА ХОТИРИ ФАРДО - Новости - МАПЭСТ

Международная Ассоциация Производителей

и Экспортеров Сельхозпродукции Таджикистана

Новости

ҲАМКОРИҲО БА ХОТИРИ ФАРДО

(баҳри дар амал татбиқ намудани Лоиҳаи барномаи Эрасмус+ Иттиҳоди Аврупо OFINU - “Донишгоҳи кушоди инноватсияҳо дар озуқаворӣ”)

Санаи 02.08.2024 сол дар доираи ҳамкориҳо Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо Ассотсиатсияи байналмилалии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон (АБИСТ) баҳри дар амал татбиқ намудани Лоиҳаи барномаи Эрасмус+ Иттиҳоди Аврупо OFINU - “Донишгоҳи кушоди инноватсияҳо дар озуқаворӣ” мизи мудаввар баргузор намуд. Дар ин вухўрӣ пеш аз ҳама ба ҳозирин оид ба лоиҳа,ҳадафҳои лоиҳа ва ҳамкориҳои минбаъда бо АБИСТ  координатори лоиҳа Солиев Зокирхоҷа маълумоти муфассал дода, буклетҳои омода намударо барояшон пешниҳод намуд.  Ќайд намуд, ки лоиҳаи OFINU аз моҳи феврали соли 2024 то январи соли 2027 дар амал татбиќ карда мешавад.

Дар мизи мудаввар гуфтушунид асосан оид ба ҷалби кормандони корхонаҳои зертобеъи Ассотсиатсия (АБИСТ) ҳамчун шунаванда дар “Донишгоҳи кушоди инноватсияҳо дар озуқаворӣ” сурат гирифт. Директори АБИСТ Файзиев Абдумубин аз ҳамкориҳо бо Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз намуданд, ки баҳри ҷалби бештари кормандони корхонаҳо барои таҳсил намудан дар“Донишгоҳи кушоди инноватсияҳо дар озуқаворӣ” корбарӣ менамоянд, зеро корманд-шунаванда агар дар давоми таҳсил дониши худро мукаммал намояд, доираи маълумоташро оид ба самти ихтисосаш васеъ гардонад ин раванд ба беҳтар гардидани сифати маҳсулот боис мегардад ва маҳсулоти хушсифат, албатта на танҳо дар бозорњои ҷумҳурӣ, балки дар бозорҳои ҷаҳонӣ низ раќобатпазир мегардад. Аз ин рў, Файзиев Абдумубин ќайд намуданд, ки ҳамаҷониба тарафдори амалӣ шудани лоиҳаи мазкур мебошанд. Инчунин таъкид намуданд, ки “Донишгоҳи кушод” усули алтернативии таълим буда, дар ояндаи наздик мебояд, ки он дар тамоми донишгоҳҳои дигари кишвар бояд ҷорӣ карда шавад, зеро ин талаби замон аст.